- миён
- [ميان]1. миёна, васат; муқоб. канор; байни ҳар чиз; байн, мобайн: аз миёни (одамон гузашта), аз миёни (китобҳо); дар миёни мардум дар байни омма; аз миён а) аз байн; б) талаба); аз меъёр зиёд аз ҳадди маҷ. аз он вақт (фурсат)2. камари одам ва ҳайвонот; миёни борик камари борик; миён бастан киноя аз омода шудан (ба иҷрои коре); азм кардан; миён дард накардан а) дардро ҳис накардан; б) киноя аз меҳнат накардан барои ба даст даровардани чизе; миён хам хӯрдан а) хамидани миён, дуқат шудани камар; б) даст пеш рафтан ба коре◊ дар ин (он) миён дар ин фосилаи вақт, дар ин фурсат, дар ин байн; рӯз дар миён ба фосилаи як рӯз пас, як рӯз гузаронда; миёни гап (сухан, сӯҳбат)-ро буридан сухани касеро қатъ кардан; ба байни сӯҳбати касе даромада худ ба гап сар кардан; миёни корро шикастан ба рафти кор монеъ шудан; ба кор зарба задан; аз миён бардоштан а) бартараф кардан (сарҳад ё монеаро); б) нест кардан, маҳв кардан (касеро); аз миён рафтан а) барҳам хӯрдан, нест шудан; б) мурдан; ба миён гирифтан миёнагир кардан; иҳота кардан касеро; ба миён гузоштан масъала бардоштан, матраҳ кардан, мавриди муҳокима қарор додан; ба миён овардан а) тарзи бавоситаи ба миён омадан; ба вуҷуд овардан; б) ниг. ба миён гузоштан; ба миён омадан; а) бардошта шудан, матраҳ шудан(-и масъалае); б) ба вуҷуд омадан, ба дунё омадан; в) воқеъ шудан, рӯй додан; ба миёни гап даромадан сухани касеро қатъ карда, худ ба гап сар кардан; дар миён набудан мавҷуд набудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.